2 Июл 2025 - 13:34
Source: Parstoday
Таҳлилгари итолиёӣ: Исроил пойгоҳи иҷроии манофеи Ғарб дар минтақа аст

Мудири иҷроии муассисаи “SpecialEurasia” аз аҳдофи пуштипардаи Исроил дар ҷангафрӯзиҳои ахир парда бардошт.

Ба гузориши Порс-Тудей, Силвиа Болтук (Silvia Boltuc), бунёнгузор ва мудири иҷроии муассисаи “SpecialEurasia” рӯзи душанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо дипломати эронӣ ҳамалоти ахири ин режим ба Эрон, Ғазза ва Лубнонро на иқдомоти низомии мақтаӣ, балки бахше аз пружаи калон барои тасаллут бар манобеи энержӣ, густариши қаламрав ва барандозии ҳукуматҳо арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Тел-Авив бо мамониат аз ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластин, мекӯшад инҳисори баҳрабардорӣ аз манобеи газии дарёи Миёназаминро ҳифз кунад ва ҷойгоҳи худро дар назми навини ҷаҳонӣ тасбит кунад.

Болтук бо интиқоди шадид аз сукути гузинишии Ғарб, Аврупоро шарики фурсатталаби ин ҷиноёт ва Исроилро пойгоҳи манофеи Ғарб дар минтақа муаррифӣ мекунад.

Вай аз расонаҳои ғарбӣ ба далели ривоятҳои ҷонибдоронаву инҳирофи афкори умумӣ барои тавҷеҳи сиёсатҳои бепоя, интиқод кард ва нисбат ба хатароти ҷиддии ташдиди танишҳои ҳастаӣ, меъёрҳои дугонаи ҳуқуқӣ ва бесуботии баландмуддат ҳушдор дод.

Ин таҳлилгари итолиёӣ бо ишора ба куштори ғайринизомиён дар Эрон ва Ғазза, хостори пайгарди қонунии омилони ҷиноят ва бозгашти виҷдони инсонӣ дар баробари муҳосиботи сарди геополитикӣ шуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha